Маликшо Неъматзода дар конференсияи минтақавии роҳбарони Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кард

Май 12, 2022 16:23

ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Устуворӣ ва фаъолнокии сиёсати иттифоқҳои касаба ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои буҳрон» конференсияи минтақавии роҳбарони иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Конференсияи мазкур таҳти сарпарастии Ташкилоти байналмилалии меҳнат бо иштироки роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ҳамзамон директори Бюрои кор бо меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат Мария Хелена Андре, мудири шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии ТБМ Сергеюс Гловатскас, мутахассиси калони кор бо меҳнаткашони ТБМ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Гоча Александрия ва ташкилоти ҳамузв баргузор гардид.

Зимни конференсия раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода сухан гуфта, оид ба фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар давраи пандемия, нақши шарикии иҷтимоӣ дар андешидани тадбирҳои бартарафнамоии бемории Совид-19 ва оқибатҳои он, инчунин амалҳои оянда дар самти ҳифзи иҷтимоии кормандон маълумот манзур намуд.


Тадбирҳои воқеӣ, амал ва нақшаҳои иттифоқҳои касаба дар муносибатҳои меҳнатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар омилҳои мусоидаткунанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавии иттифоқҳои касаба ва муколамаи иҷтимоӣ мавзӯъҳои калидии барномаи конференсия маҳсуб мешаванд.

Ҳамзамон Маликшо Неъматзода бо директори Бюрои кор бо меҳнаткашони Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ILO) Мария Ҳелена Андре дар ҳошияи Конфронси минтақавии роҳбарони Иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи марказӣ мулоқот намуда, вазъи кунунии қонунгузории меҳнат, мутобиқати қонунгузорӣ оид ба меҳнат, нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон дар давраи баъди ковидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро мусбат арзёби карда, оид ба тақвияти ҳамкории муштарак дар самти масъалаҳои ҳифз ва бехатарии меҳнат изҳори омодагӣ намуданд.

Акс: ФИКМТ

Май 12, 2022 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд