МУСОБИҚАИ РУШДИ УЕФА. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бар дастаи Гондурас пирӯз гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки дар Скопйе ҷараён дорад, бар дастаи Гондурас бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голҳоро аз ҳайати дастаи мо Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев ва Масрур Ғафуров ба ҳадаф расониданд.
Дар вохӯрии дигари мусобиқаи рушди УЕФА дар Скопйе наврасони Македонияи Шимолӣ бар дастаи Косово дар силсилаи пеналтӣ (вақти асосӣ – 1:1, пеналтӣ – 4:3) ғалаба карданд.
Қаблан дар бозии аввал дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаи Македонияи Шимолӣ дар силсилаи пеналти (3:3, 4:5) шикаст хӯрда буд.
Баъди ду даври мусобиқа се даста – Тоҷикистон, Македонияи Шимолӣ ва Косово чаҳор имтиёзӣ ба даст оварданд. Тибқи низомнома, дар мусобиқаи Скопйе барои пирӯзӣ дар вақти асосӣ 3 имтиёз, барои ғалаба дар зарбаҳои пеналти 2 имтиёз ва барои мағлуб шудан дар пеналти 1 имтиёз дода мешавад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 8 май бо ҳамсолони худ аз Косово бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Македонияи Шимолй – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.
Косово – Гондурас – 2:0
Даври 2
Гондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3
Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.
Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – Македонияи Шимолӣ – Гондурас
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.
Акс: ФФТ








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ






