ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 18.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии пойтахт аз соати 23:00-и 18 май то соати 24:00-и 19 май муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 18 май ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тавре дар қарори мазкур омадааст, дар ҷараёни иҷрои корҳои нақшавӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, П.Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов; ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта 1-2, Машал муваққатан қатъ мегардад.
Раиси шаҳр дар қарори зикршуда раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор намудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Инчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид






