ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво 31 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат (шабона дар шарқи вилоят бориши сусти барф) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1135 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1120 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2756 то 9.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Хоруғ маркази хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Масъалаи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор дар Душанбе баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.6649 то 10.7500 сомонӣ муқаррар шудааст
Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи «Пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ» ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1147 то 0.1135 сомонӣ муқаррар шудааст
Пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муомилот бароварда шуд






