ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 77-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Май 9, 2022 07:30
09.05.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башар, ҳамаи онҳое, ки дар он солҳои фоҷиабор дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ғалаба бар фашизм самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони Тоҷикистон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва рӯзгори осудаву босаодат орзу менамоям.

Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.

Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Хотиррасон менамоям, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд.

Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққатҳои сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд.

Ба ин маънӣ, фаъолияти мардуми мо дар он солҳои ниҳоят вазнину душвор барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат ва сабақи зиндаи заҳмати софдилона мебошад.

Имрӯз аз садҳо ҳазор иштирокчиёни ҷанг дар кишвари мо ҳамагӣ 57 нафар дар қайди ҳаёт ҳастанд, ки аз ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат бархурдор мебошанд.

Бояд гуфт, ки оқибатҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамчун фоҷиабортарин ҷанг дар таърихи инсоният то ҳанӯз, яъне бо гузашти қариб ҳаштод сол дар ҷисму қалби сокинони сайёра мушоҳидаву эҳсос мегардад.

Хусусан, имрӯз, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр ноором ва торафт мураккабу печида гардида, инсоният дар яке аз давраҳои ниҳоят вазнину сангини таърихи худ баъди ҷанги дуюми ҷаҳон қарор дорад ва амнияти мардуми сайёра бар асари таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб, инчунин, тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД – 19 ҷиддан халалдор шуда истодааст, сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳои олам аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.

Мардуми Тоҷикистон, ки баъди қурбонӣ додани беш аз сад ҳазор нафар фарзандони худ дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бори дигар ва ин дафъа дар дохили кишвар даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ чӣ қадру манзалат дорад.

Зеро дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, яъне талафоти ҷонии ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем.

Имрӯз сокинони Тоҷикистон шукрона мекунанд, ки дар Ватани маҳбуби мо сулҳу субот пойдор аст ва мо дар шароите, ки дар кишварамон ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ба хотири ободии диёрамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати созанда машғулем.

Ҳимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда вазифаи муқаддас мебошад.

Дар шароити мураккабу буҳронии имрӯза, яъне хатари гуруснагӣ дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё, идома пайдо кардани паҳншавии бемории КОВИД – 19, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои манфии он, инчунин, густариш ёфтани таҳдидҳои нав мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем, боз ҳам бештар заҳмат кашем, тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон равона созем ва сарфаю сариштакор бошем.

Илова бар ин, мо вазифадорем, ки фарзандони худ – наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ ба камол расонем.

Ҳамчунин, мо бояд бо тамоми халқу миллатҳои олам ва пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздики худ ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунем.

Бо ибрози ҳамин ниятҳои нек ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ғалаба бар фашизм табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Май 9, 2022 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид