«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Дар Душанбе ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои наврас ҷоиза супорида шуд

Май 28, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «ХОВАР»/. 27 май дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои наврас «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илм, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо ибтикору ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати маорифи пойтахт ташкил гардида, он дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе», ки тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ эълон гардидаанд, баргузор карда шуд.

Дар маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода тащаккур дод, ки соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ доир намудани силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид, ки дар асоси он аз 26 май то 1 июни соли 2022 дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» эълон гардид.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорию навоварӣ, ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 то 28 май «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» низ эълон карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ баргузор карда шуд. Дар умум дар кори он зиёда аз 450 лоиҳаҳои эҷодӣ пешниҳод гардиданд, ки аз миёни онҳо муаллифони 150 лоиҳа бо дипломҳои дараҷаҳои 2, 3 ва 25 лоиҳа аз рӯи бахшҳои алоҳида соҳиби дипломи дараҷаи 1 гардиданд.

Инчунин, рӯзҳои сеюму чоруми “Ҳафта Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ» бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 85 лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷониби хонандагон муаррифӣ гардиданд. Дар умум муаллифони 10 лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ «Шоҳҷоиза»-и озмунро ба даст оварданд.

Рӯзи панҷуми Ҳафта намоиши дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе дар толори «Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он ихтироъкорони наврас 28 лоиҳаҳои худро муаррифӣ ва намоиш доданд ва ҷоизадорони Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ ва Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бо туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри сарфароз гардонида шуданд.

Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе ва дар ин замина мусоидат кардан дар рушди маънавию зеҳнӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати такомул додани завқу истеъдод, тарбияи фарҳангиву эстетикӣ, ҷалб намудани насли наврас ба корҳои эҷодиву ҳунарӣ ва фарогирии онҳо дар вақти холигӣ ба корҳои муфид гузаронида шуда, соли ҷорӣ он ҷиҳати амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2022 доир карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки Фестивали мазкур моҳҳои феврал-майи соли равон дар се давра — байни хонандагони синфҳои 1 — 9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯйи шартҳои «Ровиён», «Суруди якка», «Рақси якка», «Рақси гурӯҳӣ», «Хорсароӣ», «Навозандагӣ», «Маҳорати актёрӣ» ва ғайра доир гардида, дар маҷмуъ дар он зиёда аз 1000 нафар ширкат варзиданд.

Ба даври шаҳрии Фестивал-озмун наздик ба 200 нафар роҳхат гирифта, пас аз ҳунарнамоӣ назди ҳайати ҳакамон 17 навраси соҳибистеъдод ва 9 ансамблу гурӯҳҳои худфаъолияти эҷодии назди муассисаҳои таълимӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли чанд соли баргузорӣ Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» миёни озмунҳои фарҳангиву бадеии соҳаи маориф мавқеи хоса пайдо намуда, дар ин муддат наврасони зиёди соҳибҳунару соҳибистеъдодро кашф кард ва дар рушди минбаъдаи ҳунару эҷодашон мусоидат намуд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» соли гузашта мақоми байналмилалиро касб намуда, дар доираи чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он бори аввал моҳи декабри соли 2021 бо ширкати зиёда аз 150 нафар наврасони эҷодкор гузаронида шуд.

АКС: МИҲД-и шаҳри Душанбе

Май 28, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад