Соли 2021 табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Санкт-Петербург тақрибан 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод

Май 23, 2022 16:46

ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари гурӯҳи кории ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург  дар шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои марбутаи  мамлакат иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зикр кард,  ки ҳамкории гуногунҷабҳаи сохторҳои марбутаи пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  бо пойтахти шимолии Федератсияи Русия — шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоли густариш қарор дошта, тарафҳо баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд, тадбирҳои муассир роҳандозӣ менамоянд.

Аз ҷумла, ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни ҳукумати Санкт-Петербург ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026 қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия яке аз бародаршаҳрҳои фаъоли Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.


Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зикр кард, ки «барои дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни  ду бародаршаҳр — Санкт-Петербург ва Душанбе тамоми шароит фароҳам омадааст ва барои тавсеа ёфтани онҳо монеае вуҷуд надорад. Яке аз ин ҳамкорӣ — табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Санкт-Петербург мебошад, ки соли сипаригардида тақрибан 100 млн доллари ИМА-ро ташкил дод», — иброз дошт Игор Лякин-Фролов.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки дар самти маориф низ ҳамкорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Далели он ба таҳсил фаро гирифтан шудани беш 1000 намояндаи Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Санкт-Петербург ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд.

30 апрели соли 1999 Созишномаи нав миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2022 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд