«ТОЗАГИИ СОҲИЛ-2022». Беш аз 1 км соҳили дарёи Ғунд дар Бадахшон тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни аксияи «Тозагии соҳил-2022» беш аз 1 км соҳили дарёи Ғунд дар Бадахшон тоза гардид. Дар натича зиёда аз 1,5 метри мураббаъ партовҳои аз соҳили дарёи Ғунд ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи асосӣ интиқол дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар аксияи «Тозагии соҳил» наздик ба 60 нафар кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ фаъолона ширкат намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани соҳили рудхонаи Ғунд саҳми муносиб гузоштанд.
Ин тадбир бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуда, ҳадафаш тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёи Ғунд аз ҳар гуна партовҳо мебошад. Аксияи «Тозагии соҳил-2022» дар тамоми қаламрваи Бадахшон аз моҳи март оғоз ёфта, то моҳи ноябр бо назардошти мусоид будани обу ҳаво гузаронида мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






