ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Шаби 27 ба 28 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони сел ва жола меборад
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 27 ва 28 май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шаби 27 ба 28 май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад. Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с вазида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст.
Ҳарорати ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа коҳиш меёбад. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селҳоро пешбинӣ кардаанд.
27-28 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (қисмати ҷанубӣ) вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.
Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон равон накунад.
Акс: КҲФ ва МГ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






