Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 12 май ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Парлумони касбии мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар кори ҷаласаи ҳайатҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, иштирок намуданд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар оғози кори ҷаласа раисони ҳайатҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо суханони ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ аз номи ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупоро хайрамақдам гуфта, ба Парлумони Аврупо барои кори фаъол ва пурсамар дар ташкил ва баргузории ин нишасти муҳим изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ дар кори мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист медонад.
«Мо саъй менамоем, ки ҳамкории дарозмуддат ва устувори мутақобилан судмандро бо Иттиҳоди Аврупо дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод инкишоф диҳем. Боварӣ дорам, ки имрӯз мо аз рӯи тамоми маҷмуи масъалаҳои рӯзнома мубодилаи самарабахши афкор хоҳем кард. Баррасии масъалаҳои вазъи иҷтимоию сиёсӣ, рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақавӣ, бешубҳа, ба рушди бомуваффақияти шарикии мо дар тамоми соҳаҳо ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои зикршудаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард», -афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Зимни ҷаласа ҳамчунин муҳокимаи вазъияти сиёсии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркин Раҳматуллозода иштирок намуд.
Акс: МН МО ҶТ









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






