Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Сафири Қирғизистонро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаевро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Абдилдаевро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Қирғизистон Содир Жапаров 12 апрел фармонеро имзо кард, ки тибқи он Эрлан Абдилдаев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Сафири 56-сола дар ин мақом роҳбари намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбекови 72-соларо иваз кард, ки аз соли 2018 дар ин мақом буда, 2 феврали соли 2022 аз вазифа барканор шуд.
Роҳбари нави намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Душанбе вазири собиқи корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Эрлан Абдилдаев интихоб шуд.
Абдилдаев Эрлан Бекешович 21 июли соли 1966 дар Алмаато дар оилаи коргардони кино таваллуд шудааст. Маълумоти олиро дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС бо ихтисоси «муносибатҳои байналмилалӣ» гирифтааст.
Дар солҳои аввали кор дар Раёсати давлатҳои сотсиалистии Осиёи ВКХ ИҶШС кор мекард.
Бо шарофати донистани забонҳои чинӣ ва англисӣ аз соли 1989 то соли 1994 дар Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Русия дар ҶМЧ ба кор ҷалб шуд.
Аз соли 1997 ба ҳайси мушовир-коршиноси шуъбаи байналмилалии Дастгоҳи Президенти Қирғизистон адои вазифа карда, соли 2001 Сафири Фавқулода ва Мухтори ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин сафири ғайрирезидентӣ дар Муғулистон, Сингапур ва Таиланд таъйин шудааст.
Соли 2012 ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъйин гардид.
Ӯ унвони доктори фахрии Донишкадаи равобити байналмилалии Москваи Федератсияи Русия ва профессори фахрии Академияи дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чинро дорад.
Миёни ҷоизаҳои давлатии дипломат ордени «Дӯстӣ» мавҷуд аст, ки барои саҳми бузургаш дар таҳкими равобити Русия ва Қирғизистон сазовори он гардидааст.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






