Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ ҷараён дошт, бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид.
Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Руйдоди муҳиму тақдирсоз барои шаҳрвандони ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику узбекро амалӣ месозад.
Натиҷаи дигари бобарори ин сафар аз ҷониби Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев расман оғоз бахшидани корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад.
Татбиқи ин ҳадаф омили муҳими рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи барои ҷонибҳо судовари энергетика аст.
Баъди анҷоми сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Урганҷ ба Ватан баргаштанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони олии қадршиносию эҳтиром ва самимияти хосаи бародарона Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв гусел карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд






