Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт бахшида ба Солҳои рушди саноат Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд
РАШТ, 04.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар мавзӯи «Рушди баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар» Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.
Ректори донишкада, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Маҳмадёр Раҷабзода конфронсро ифтитоҳ намуда, аз иштирокдорон даъват кард, ки пешниҳоду андешаҳояшонро вобаста ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) баён намоянд.
Мақсади Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ аз муҳокимаи вазъи муосири назария, методология ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва саноатикунонии босуръати кишвар дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, ҳамчунин муттаҳидсозии неруи олимон ва мутахассисон барои муайян намудани самтҳои мубрами таҳқиқот дар самти баҳисобгирӣ, аудит ва саноатикунонии босуръати кишвар дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар ҳама самтҳо иборат буд.
Дар идомаи конференсия иштирокдорони он- олимони соҳа, муҳосибони муассисаю ташкилот, намояндагони бонкҳо, устодон ва коршиносони соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит маърӯза намуданд.
Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои мубрами муҳосибӣ, аудит, саноатикунонӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ баррасӣ ва барои бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта пешниҳодҳо ироа шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ИМД-2026. Барои довталабон 55 маркази имтиҳонӣ ташкил гардид
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд






