Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд

Ноябрь 8, 2026 09:15

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои калидии оғози марҳилаҳои омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олии Британияи Кабир (QAA — Quality Assurance Agency for Higher Education) дар Лондон баррасӣ шуданд. Ин вохӯрӣ  дар доираи  густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи Стратегияи  рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муосири Британия ва Аврупо, инчунин мустаҳкам намудани низоми ташхиси дохилии сифати таҳсилотро муҳокима намуданд.

Ҳамзамон тарафҳо барои ташкили силсилаи тренингҳо ва даврҳои такмили ихтисос аз ҷониби мутахассисони QAA барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ изҳори омодагӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур ба соҳибдиплом гардидани донишҷӯён мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва эътирофи дипломи онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

​      Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳия ва қабули «Харитаи роҳ» (Roadmap) ба хотири амалӣ намудани марҳилаҳои пайдарпайи аккредитатсия ва ташкили вебинарҳои омӯзишӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 8, 2026 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд