Дар Душанбе ҳамоиши минтақавии иттифоқҳои касаба доир шуд

Июнь 24, 2022 16:51

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ҳамоиш миёни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи тандурустии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ташкил ва баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода доир ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Роҳбарони ҳайатҳо маърӯзаҳо карда, оид ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дар кишварҳояшон маълумоти муфид ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ пешниҳод намуданд.

Бо дарназардошти мувофиқаҳои бадастомада байни Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи тандурустии Русия ва Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Акс: ФИКМТ

Июнь 24, 2022 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд