Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз баргузории чорабинии сатҳи байналмилалӣ мусоидат ба рушди бахши тандурустӣ, воридоти технологияи муосири тиббӣ, табодули таҷриба байни кормандони ин бахши муҳими ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар форум гуфта шуд, ки бунёду ба истифода додани Беморхонаи байналмилалии Душанбе нишонаи возеҳи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин ҷавобгӯ сохтани фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар ба талаботи ҷаҳонии тиббӣ мебошад.
Дар қисмати дигари чорабинӣ байни Беморхонаи байналмилалии Душанбе ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи тандурустии Ҷумҳурии Корея, Олмон ва Федератсияи Русия 9 санади нави ҳамкорӣ оид ба табодули таҷриба, тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби технологияи замонавии тиббӣ ба имзо расид.
Дар қисми илмию амалии форум намояндагони марказҳои байналмилалии тандурустӣ аз Корея, Русия ва Австрия дар мавзуъҳои «Бемории ишемикии дил ва бемории ревматикӣ», «Рушди нигоҳубини тиббии хусусӣ» ва ғайра маъруза карданд.
Бояд гуфт, ки баргузории форуми байналмилалии тандурустӣ барои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалии хориҷӣ дар самти ба талаботи ҷаҳонӣ баробар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС аз манбаъҳои боз


















Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд






