Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид

Июнь 14, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ибтикор ва иқдоми бевоситаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатӣ доир ба тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи суботу амният, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсат ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гаштааст.

Бешак, рушду нумӯи Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дошта, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.

Дар ҷараёни  ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар баробари дигар қишрҳои ҷомеаи кишвар дар рушду таҳкими истиқлолу ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм мегузоранд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллии давлати озоду соҳибихтиёр имкон медиҳад, дар шароити пуртазод бо дар назардошти таҳдиду хатарҳои замони нав, бархӯрди тамаддунҳо, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, ки асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошанд, минбаъд таъмин карда шавад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 14, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид