Дар Душанбе Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ҷараён дорад

Июнь 24, 2022 11:08

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи расмии Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар маросими мазкур  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили кишвар ширкат намуданд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва сардори Сарраёсати маориф Баҳром Исмоилзода  паёми шодбошии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокчиёни Фестивал расонда, аз ҷумла зикр намуданд, ки: «Фестивали байналмилалии  «Шукуфаҳои пойтахт» ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, он дар доираи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2022  «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Шукуфаҳои пойтахт» ташкил ва баргузор карда мешавад.

Зимнан таъкид гардид, ки баргузории Фестивали мазкур иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстонаи эҷодӣ миёни насли наврас арзёбӣ гардида, он дар пайравӣ ба сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфта, таъмин намудани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас ва муаррифӣ намудани Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои рушди кӯдакон арзёбӣ мегардад.


Дар Фестивали мазкур ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия, Тошканд ва Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон,  шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона дар саҳнаҳои бузурги муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ ва навозандагӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Шумораи умумии иштирокдорони Фестивал зиёда аз 300 нафарро ташкил дода,  он имкон медиҳад, ки насли наврас дар баробари пешниҳоди ҳунару истеъоди хеш, дар замиру ботини худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародариро афзун намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки тибқи барномаи Фестивал дар МД “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор карда шуд, ки ба ҳунару истеъдоди наврасон аз рӯйи ин бахшҳо шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои ҳунару адабиёт ва илми Тоҷикистон, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал аз 22 то 26 июни соли равон  ҷараён гирифта, иштирокдорони он дар баробари ширкат дар бахшҳои озмунии он, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан менамоянд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июнь 24, 2022 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд