Дар Истанбул дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июнь 29, 2022 08:12

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мурод Саидзода бо Котиби генералии Палатаи савдои Коҷаели Мерт Анлипак баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими муносибот  ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 29, 2022 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид