Дар ноҳияи Айнӣ корхонаи истеҳсоли семент «Фон – Семент» бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент «Фон – Семент» санги асос гузошта шуд. Фармоишгари корхонаи мазкур ҶДММ «Фон – Семент» буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ «Саноатсоз» матраҳ гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.
Бо бунёд гардидани корхонаи мазкур фармоишгар нақша дорад давоми сол то 100 000 тонна сементи хушсифат истеҳсол намояд. Корхонаи саноатии «Фон – Семент» мувофиқи нақша бояд давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шурӯъ намудани ин корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни гузоштани санги асос бо масъулин суҳбат карда, гуфт, ки пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 барои мардуми Тоҷикистон фоли нек аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нақша дорад ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар тамоми нерую қувваи хешро масраф намояд.
Дар ноҳияи Айнӣ, ки дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад, бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми се соли охир корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Масъулин ба хотири таъмини рушди устувори саноат, иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мамлакат ва рақобатнокии он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






