Изҳори тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

Июнь 23, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард»,- хабар медиҳад ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.

Дар  тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.Барои осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ орзуи шифои оҷил дорем».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, шаби 22 июн дар вилоятҳои Пактико, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ, Логар ва Кобули Афғонистон заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал  рух дод. Тавре агентии «Bakhtar» хабар медихад, 1000 нафар ба ҳалокат расида, 1500 кас маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ бар онанд, ки эҳтимол шумораи қурбониён ва захмиён зиёд шавад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 23, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд