МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Имсол барои баргузории Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 1900 нафар кормандони муваққатӣ ҷалб мегарданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони муваққатии маркази имтиҳонӣ: роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмур ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.
Семинарҳои омӯзишӣ дар 18 шаҳру ноҳияи мамлакат то 16 июни соли равон идома меёбанд. Семинар барои ҳар як гурӯҳ ду рӯз давом карда, дар 25 макони баргузории он 2755 нафар хоҳишманд ширкат менамоянд. Шунавандагон баъд аз омӯзиши донишу маҳорат ва талаботу принсипҳои муқарраршуда барои кор дар баргузории Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази миллии тестӣ ҷалб мегарданд. Аз байни онҳо зиёда аз 1900 нафар бо ин мақсад интихоб карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 46 маркази имтиҳонӣ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо аз 1 июл оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 30 июни соли равон дар кишвар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 идома меёбад.


Хоҳишмандоне, ки дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур худро номнавис намоянд.
Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ба роҳ монда мешавад.
Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.
Довталабоне, ки дар марҳилаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд барои ин кор худро аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳилаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






