Намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон Қалъаи Ҳисор ва Боғи зимистонаи «Шаршара»-ро тамошо намуданд

Июнь 10, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё Порнчай Данвиватана ва беш аз 50 нафар иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки намояндагони кишварҳои Русия, Чин, Австралия, Афғонистон, Покистон, Италия, Урдун, Нидерландия, Швейтсария, Нигерия, Сингапур, Сенегал, Туркия, Тайланд, Фаронса, Уганда, Бразилия, Венгрия, Зеландияи Нав, Исроил, Корея ва Қирғизистон буданд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

Меҳмононро дар регистони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор раиси шаҳр Қосим Роҳбар истиқбол намуд.

Қосим Роҳбар ташрифи онҳоро ба шаҳри бостонии Ҳисор хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бартараф кардани мушкилоти вобаста ба обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ меëбанд. Амалишавии пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории даҳҳо чорабинии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе дар баробари рушди минтақа ва кишварҳои ҷаҳон дӯстиву бародарии миллатҳоро қавӣ гардонида, баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ва минтақа заминаи устувор мегузорад».


Дар остонаи арки Қалъаи таърихии Ҳисор сокинони шаҳр меҳмононро тибқи анъанаи тоҷикона истиқбол гирифта, ба Ҳисори Шодмон хуш омадед гуфтанд ва бо забонҳои гуногун дар васфи сулҳу дӯстӣ шеър қироат намуданд.

Сипас меҳмонон аз гӯшаҳои Қалъаи бостонии Ҳисор, дӯконҳои ҳунармандон, аз қабили атласу адрасбофӣ дидан карда, бо таърих ва ҳунарҳои мардумии дирӯзу имрӯзи тоҷикон шинос гардиданд.

Дар идома меҳмонон аз мавзеи сайёҳию истироҳатии Боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуда, ба таъриху фарҳанг, зебоии табиати шаҳри Ҳисор баҳои баланд доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 10, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид