Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Июнь 2, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд — пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба меҳмони олиқадр гулдастаи тару тоза тақдим карда шуд.

Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олиқадр- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зинапояи ҳавопаймо роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистон ва Узбекистон оро ёфта буд.

Дар назди роҳбарони давлатҳо гурӯҳи дӯстрӯякон дар васфи дӯстии Тоҷикистон ва Узбекистон шеър хонданд.

Баъди анҷоми маросими истиқбол дар толори пазироии меҳмонони олимақоми фурудгоҳ мулоқоти сарироҳии самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадр, дӯст ва бародари арҷманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбекистон хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои ин сафар барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамҷаворӣ ва ба манфиати мардумони ҳарду кишвар неку назаррас хоҳанд буд.

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон 02.06.2022

Июнь 2, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд