Пагоҳ дар Гурҷистон Мусобиқаи ҷаҳонии «Tbilisi Grand Slam- 2022» оид ба намуди гӯштини дзюдо оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Тбилиси- пойтахти Гурҷистон Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо «Tbilisi Grand Slam- 2022» оғоз мегардад, ки то 5 июн идома меёбад. Дар ин мусобиқаи фароқоравӣ аз рӯи 7 вазн 285 варзишгар аз 38 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа- 3 июн қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм – 4 июн гӯштингирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард.
Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни занон ба поён мерасад. Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм — 3000 ва ҷои сеюм 1500 евро пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд. Ин мусобиқаи панҷум аз сайри ҷаҳонии дзюдо дар соли 2022 мебошад, ки доир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар чор мусобиқаи гузашта 3 медал ба даст оварданд. Комроншоҳ Устопириён дар «Гран Прии Португалия» (28-30 январ) дар вазни -90кг, Темур Раҳимов дар «Гранд Слами Тел Авив» (17-19 феврал) ва «Гранд Слами Анталия» (1-3 апрел) сазовори медали биринҷӣ шуда буданд.
Муҳлати системаи интихобии олимпии Париж-2024 дар намуди гӯштини дзюдо 26 июн оғоз мегардад. Аллакай варзишгарон дар мусобиқаи оянда – Гранд Слами Уланбатор (24-26 июн) ба ҷамъоварии холҳои олимпӣ шурӯъ мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






