Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Июнь 12, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 12.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» пирӯзии дуюмашро ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Тими миллии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.

Дар бозии дигари даври дуюм Қирғизистон дастаи Мянмарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Акс: ФФТ

Июнь 12, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд