«Сандуқчаи зулбиё» барои таълим ва рушди беш аз як миллион нафар кӯдакони Тоҷикистон имконият фароҳам меорад

Июнь 1, 2022 14:52

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути роҳандозии платформаи «Сандуқчаи зулбиё» (www.tomaktabi.tj) ЮНИСЕФ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният доранд теъдоди муайяни омӯзгорону волидонро дар Тоҷикистон фаро гиранд, ки ин барои такмили натиҷаҳои таълим ва рушди дар маҷмӯъ бештар аз як миллион нафар кӯдакон имконият фароҳам меоварад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми кишвар.

31 май дар шаҳри Душанбе муаррифии расмии платформаи рақамии таҳсилоти томактабии «Сандуқчаи зулбиё» доир гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ба таври ҳузурӣ ва муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Кори ба таври онлайн иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш Зиёдулло Абдулзода зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Бо дарназардошти чунин муҳимият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вазорати маориф ва илм барои рушди рақамикунонии соҳаи таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд».

Вобаста ба ин самт Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии самтҳои афзалиятноки таълими кӯдакони хурдсол, тавсеаи фарогирӣ ва баланд бардоштани бахши таълими кӯдакони хурдсол рақамикунонии соҳаи таҳсилот, татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, иҷрои Нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд.

Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ таъкид намуд, ки «ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи мазкур, инчунин такмили сифат ва фарогирии таҳсилот барои тамоми кӯдакон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ЮНИСЕФ ба ҳамкорӣ бо тамоми шарикон содиқ хоҳад монд».

Муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Кори зимни суханронии маҷозӣ гуфт, ки «кӯдакони аз ҳама бештар осебпазир, аз қабили кӯдакони гурезагон ё кӯдаконе, ки дар ҷамоатҳои дурдасти деҳот умр ба сар мебаранд, инчунин кӯдакони маъюб аксар вақт ба таҳсилоти босифат дастрасии хнлн кам доранд. Ҳамин тариқ, пешниҳод намудани платформаҳои рақамӣ барои таҳсилоти томактабӣ вокуниши инноватсионӣ ба буҳрони байналмилалии натиҷаҳои босифати таълимӣ дар таҳсилоти томактабӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки «Сандуқчаи зулбиё» (www.tomaktabi.tj) — як платформаи чандир, танзимшаванда ва рақамии таълимӣ мебошад, ки дар натиҷаи шарикии байни ЮНИСЕФ ва ширкати «Microsoft» ба вуҷуд омадааст. Дар оғоз платформа ҷиҳати вокуниш ба буҳрони муҳоҷирон, таъмини имконияти таҳсил дар сафар ва гум нашудани қайдҳои таҳсилоти кӯдак дар вақти кӯчидан эҷод шуда буд. Аммо, платформа роҳҳои истифодаи хеле васеътар дорад ва ҳоло миқёси он барои дастгирии таҳсили 5,4 миллион кӯдак дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ васеъ карда мешаванд, ки аз байни онҳо якуним миллион нафар кӯдакон дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Кишварҳои минтақаи мазкур равиши инноватсиониро истифода бурда, ин платформаи дастраси таълимиро барои ноил гардидан ба афзалияти соҳаи таҳсилоти томактабӣ истифода намудаанд. Вазифаи мазкур тавассути такмили дониш ва малакаҳои омӯзгорон ва кӯдакони синну соли томактабӣ иҷро карда мешавад.

Таъмини дурусти таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, зеро 90% мағзи сари кӯдак то 5-солагӣ инкишоф меёбад. Дар ин давра тавассути эҷоди муҳити ғамхорона ва ҳавасмандкунанда, ки дар он кӯдак метавонад таълим гирифта, рушд ва инкишоф ёбад, волидон ва омӯзгорон метавонанд баҳри гузоштани таҳкурсии устувор барои таълимгирӣ дар тамоми давоми ҳаёт ба кӯдак кумак расонанд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

 

Июнь 1, 2022 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад