«Сандуқчаи зулбиё» барои таълим ва рушди беш аз як миллион нафар кӯдакони Тоҷикистон имконият фароҳам меорад

Июнь 1, 2022 14:52

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавассути роҳандозии платформаи «Сандуқчаи зулбиё» (www.tomaktabi.tj) ЮНИСЕФ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният доранд теъдоди муайяни омӯзгорону волидонро дар Тоҷикистон фаро гиранд, ки ин барои такмили натиҷаҳои таълим ва рушди дар маҷмӯъ бештар аз як миллион нафар кӯдакон имконият фароҳам меоварад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми кишвар.

31 май дар шаҳри Душанбе муаррифии расмии платформаи рақамии таҳсилоти томактабии «Сандуқчаи зулбиё» доир гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ба таври ҳузурӣ ва муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Кори ба таври онлайн иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш Зиёдулло Абдулзода зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Бо дарназардошти чунин муҳимият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вазорати маориф ва илм барои рушди рақамикунонии соҳаи таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд».

Вобаста ба ин самт Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии самтҳои афзалиятноки таълими кӯдакони хурдсол, тавсеаи фарогирӣ ва баланд бардоштани бахши таълими кӯдакони хурдсол рақамикунонии соҳаи таҳсилот, татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, иҷрои Нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд.

Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ таъкид намуд, ки «ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи мазкур, инчунин такмили сифат ва фарогирии таҳсилот барои тамоми кӯдакон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ЮНИСЕФ ба ҳамкорӣ бо тамоми шарикон содиқ хоҳад монд».

Муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Кори зимни суханронии маҷозӣ гуфт, ки «кӯдакони аз ҳама бештар осебпазир, аз қабили кӯдакони гурезагон ё кӯдаконе, ки дар ҷамоатҳои дурдасти деҳот умр ба сар мебаранд, инчунин кӯдакони маъюб аксар вақт ба таҳсилоти босифат дастрасии хнлн кам доранд. Ҳамин тариқ, пешниҳод намудани платформаҳои рақамӣ барои таҳсилоти томактабӣ вокуниши инноватсионӣ ба буҳрони байналмилалии натиҷаҳои босифати таълимӣ дар таҳсилоти томактабӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки «Сандуқчаи зулбиё» (www.tomaktabi.tj) — як платформаи чандир, танзимшаванда ва рақамии таълимӣ мебошад, ки дар натиҷаи шарикии байни ЮНИСЕФ ва ширкати «Microsoft» ба вуҷуд омадааст. Дар оғоз платформа ҷиҳати вокуниш ба буҳрони муҳоҷирон, таъмини имконияти таҳсил дар сафар ва гум нашудани қайдҳои таҳсилоти кӯдак дар вақти кӯчидан эҷод шуда буд. Аммо, платформа роҳҳои истифодаи хеле васеътар дорад ва ҳоло миқёси он барои дастгирии таҳсили 5,4 миллион кӯдак дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ васеъ карда мешаванд, ки аз байни онҳо якуним миллион нафар кӯдакон дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Кишварҳои минтақаи мазкур равиши инноватсиониро истифода бурда, ин платформаи дастраси таълимиро барои ноил гардидан ба афзалияти соҳаи таҳсилоти томактабӣ истифода намудаанд. Вазифаи мазкур тавассути такмили дониш ва малакаҳои омӯзгорон ва кӯдакони синну соли томактабӣ иҷро карда мешавад.

Таъмини дурусти таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, зеро 90% мағзи сари кӯдак то 5-солагӣ инкишоф меёбад. Дар ин давра тавассути эҷоди муҳити ғамхорона ва ҳавасмандкунанда, ки дар он кӯдак метавонад таълим гирифта, рушд ва инкишоф ёбад, волидон ва омӯзгорон метавонанд баҳри гузоштани таҳкурсии устувор барои таълимгирӣ дар тамоми давоми ҳаёт ба кӯдак кумак расонанд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

 

Июнь 1, 2022 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 288 хонанда ифтитоҳ ёфт
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ФАРЗАНДОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМОЕМ! Имрӯз барои илму дониш омӯхтан ва соҳибкасб гардидани онҳо тамоми шароит муҳайё гардидааст
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Душанбе озмуни забондонӣ идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 7 донишгоҳи олии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши рушди робототехника доир шуд
БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти таҳсили олии касбӣ ва илм баррасӣ карда шуд
Роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон бо кормандони соҳаи маорифи минтақаи Кӯлоб мулоқот намуд
Дар Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон оғоз шуд
Барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд