Тоҷикистон ва Туркия шумораи парвозҳоро миёни ду кишвар зиёд мекунанд

Июнь 22, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ табодули афкор намуданд.

Инчунин ҷонибҳо имконияти зиёд намудани шумораи парвозҳо миёни  ду кишварро зарур шумурданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, шурӯъ аз 5 июн ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба: рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад.

Мутобиқи талаботи мавҷуда, муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 22, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эъломияи Хуҷанд дар Маркази Авруосиёи Шурои Атлантик баррасӣ шуд
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия баргузор гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд
Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд