Ҳайати вилояти Хатлон дар намоишгоҳи XII байналмилалии «Иннопром-2022» дар Екатеринбурги Русия иштирок дорад

Июль 6, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Акрам Сулаймонзода дар намоишгоҳи XII байналмилалии «Иннопром-2022», ки 4 июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия оғоз гардид, иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Мавзуи намоишгоҳи имсола «Гузариши саноатӣ: аз мушкилот то имкониятҳои навин» ном дошта, дар намоишгоҳи чоррӯза ҳудуди 500 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Дар намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчунин директори Агентии содирот Шавкат Бобозода, раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Қурбоналӣ Қурбонзода ва соҳибкорони ватанӣ аз бахшҳои мухталифи фаъолият иштирок доранд.

Акрам Сулаймонзода зимни муаррифии имкониятҳои вилояти Хатлон дар вохӯриҳои рӯзи аввали намоишгоҳ гуфт, ки маҳз дар ҳамин минтақаи мамлакат калонтарин комплекси неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон воқеъ аст. Дар вилояти Хатлон саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, электротехникӣ ва коркарди металл, инчунин истихроҷи газ, нафт ва намаки сангӣ рушд кардааст.

Намоишгоҳи байналмилалии «Иннопром» дар Екатеринбург аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузор мешавад ва ба калонтарин платформаи муттаҳидсозандаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ табдил гардилдааст. Дар он ҳазорон нафар мутахассисони соҳаи саноат ва технология, инчунин намояндагони доираҳои коршиносони даҳҳо кишварҳои ҷаҳон ҷамъ омадаанд.


Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли ҷорӣ ҳайати вилояти Свердловски Русия таҳти роҳбарии вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии ин вилоят Вячеслав Ярин дар ҳошияи Форуми байналмилалии содиротии «Бохтарфуд-2022» бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мулоқот намуда, роҳбарияти вилояти Хатлонро барои иштирок ба намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром» даъват карда буд.

Вячеслав Ярин зикр карда буд, ки ҳукумат ва соҳибкорони вилояти аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи Свердловск ба баррасии мушаххаси ҳамкории мутақобилан судманди байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон алоқаманд мебошанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таҳкиму тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ бо минтақаҳои Федератсияи Русияро яке аз афзалиятҳои фаъолияти байналмилалии иқтисодии вилояти Хатлон арзёбӣ намуданд. Дар айни замон Созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми имзошуда миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон, кишвари Олтой, вилоятҳои Оренбург, Челябинск ва Ивановои Федератсияи Русия амал мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки алҳол вилояти Хатлон бо минтақаҳои 38 кишвари дуру наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро роҳандозӣ намудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 6, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд