БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мешаванд
КӮЛОБ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026) имрӯзҳо дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд.
Тавре соҳибкор Тоҳир Одинаев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, “барои рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва аз нав фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳиссаи бахши соҳа дар пешрафти вазъи иқтисодӣ солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд. Дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда, дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб барои 11 нафар соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ замин ҷудо гардидааст. Аллакай соҳибкорон як коргоҳу як корхонаро ба истифода доданд. Инчунин коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва корхонаи коркарди ғалла аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд”.
Дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ як коргоҳ ба истифода дода шуд, ки 4 нафар сокинон дар он фаъолият доранд. Дар коргоҳи мазкур парвариши чағора, ки талабот ба он хеле зиёд аст, ба роҳ монда шудааст. Соҳибкорон мегӯянд, ки маҳсулот дар муддати 45 рӯз омода шуда, дар бозору марказҳои савдои шаҳру вилояти Хатлон ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин коргоҳ мақсад доранд дар оянда парвариши навъҳои дигари чағораро ба роҳ монанд.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аз рӯи нақша то соли 2026 дар шаҳр 40 коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб дар баробари Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамзамон минтақаи саноатӣ низ фаъолият дорад. Дар ҳарду минтақа барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ва пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ якчанд имтиёзҳо амал мекунанд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад






