БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мешаванд

Июль 30, 2022 11:40

КӮЛОБ, 30.07.2022  /АМИТ  «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат  ва эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026)  имрӯзҳо дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд.

Тавре соҳибкор Тоҳир Одинаев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, “барои рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва аз нав фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳиссаи бахши соҳа дар пешрафти вазъи иқтисодӣ солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд. Дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда, дар Минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб барои 11 нафар соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ замин ҷудо гардидааст. Аллакай соҳибкорон як коргоҳу як корхонаро ба истифода доданд. Инчунин коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва корхонаи коркарди ғалла  аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд”.

Дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ як коргоҳ ба истифода дода шуд, ки 4 нафар сокинон дар он фаъолият доранд. Дар коргоҳи мазкур парвариши чағора, ки талабот ба он хеле зиёд аст, ба роҳ монда шудааст. Соҳибкорон мегӯянд, ки маҳсулот дар муддати 45 рӯз омода шуда, дар бозору марказҳои савдои шаҳру вилояти Хатлон ба фурӯш бароварда мешавад. Дар ин коргоҳ мақсад доранд дар оянда парвариши навъҳои дигари чағораро ба роҳ монанд.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аз рӯи нақша то соли 2026  дар шаҳр 40  коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб дар баробари Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамзамон минтақаи саноатӣ низ фаъолият дорад. Дар ҳарду минтақа барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ва пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ якчанд имтиёзҳо амал мекунанд.

АКС:АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳритус корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хоруғ корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб ва коркарди меваи хушк бунёд мешаванд
Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» 10 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хоруғ сохтмони якчанд корхонаи истеҳсолӣ оғоз гардид
Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми «Арча»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди шишаи ҶДММ «Шишакор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ оғоз бахшиданд
«Тоҷиксемент» — корхонаи нави истеҳсоли семент дар Душанбе ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ наменамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП «Тоҷиксемент»-ро ифтитоҳ намуданд
Душанбе ба маркази бузурги саноати рақобатпазири иқтисоди ҷаҳон мубаддал мегардад