Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод таъмиру навсозӣ мешавад

Июль 21, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод таъмиру навсозии Беморхонаи марказии иборат аз  10 шуъба бо ғунҷоиши 216 кат ва сохтмони бинои Маркази ташхису табобатӣ, иборат аз 6 шуъба бо ғунҷоиши 28 кат ба масоҳати 9609 м2 оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат.

20 июл зимни ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода, намояндагони шарикони рушд, мутахассисони Беморхонаи марказии ноҳия ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Таъмиру навсозии беморхонаи марказии ноҳия дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.


Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур навсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ), сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон таҷҳизонидани иншооти мазкур бо мебел ва асбобу таҷҳизоти нави лабораторӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод соли 1975 барои 175 кат сохта, ба истифода дода шуда, бинобар кӯҳнаю фарсуда ва таъмирталаб будани биноҳои табобатӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июль 21, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд