Дар Душанбе Олимпиадаи байналмилалии «Isi Junior-2022» оид ба технологияҳои иттилоотӣ ҷамъбаст шуд

Июль 7, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалӣ ширкат намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар Олимпиадаи мазкур 27 дастаи олимпии наврасон бо иштироки 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат варзиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хусусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷараёни ташкил ва баргузории олимпиадаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланд доир шудани он тамоми шароит фароҳам овардаанд.

Инчунин дар давоми баргузории Олимпиада аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ барои роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва масъулини баргузории олимпиадаҳои фаннӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он семинару тренингҳои омӯзишӣ доир карда шуд.

Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон  аз  1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» муассисаи таҳсилоти иловагие мебошад, ки яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти он, ин дарёфту рушди истеъдоди хонандагон ва ташкилу баргузории олимпиадаву озмунҳои зеҳнӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 7, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад