Дар Куала-Лумпур бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ симпозиум баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Куала-Лумпур таҳти унвони «Меҳвари нави рушд» Симпозиум бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Симпозиум бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Куала Лумпур ва Институти дипломатия ва муносибатҳои хориҷӣ (IDFR) баргузор карда шуд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Камарудин Ҷафар ба Симпозиум ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар кори он сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, кормандони аршади Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва муҳаққиқону донишмандони Малайзия муносибатҳои дипломатӣ, дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва роҳҳои ояндаи густариши ҳамкории минтақавӣ байни Малайзия ва кишварҳои Осиёи Марказиро муҳокима намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими равобити дӯстона бо Малайзия аҳамияти хоса дода, ҳамкориро бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Малайзия ҳамчун кишвари дӯст ва шарики боэътимод дар минтақаи босуръат рушдёбандаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шинохта шудааст.


Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад нақши як дарвозаи боз барои роҳандозии тиҷорати Малайзия дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя бошад ва дар навбати худ Малайзия барои Тоҷикистон метавонад пайвандгар бо кишварҳои АСЕАН шавад.
Дар доираи симпозиум барномаи фарҳангӣ бо рақсу сурудҳои миллӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аксҳо ва дигар маълумот пешкаши иштирокдорон гардиданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда шуд
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид






