Дар Вена бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия шоми дӯстӣ доир гардид

Июль 6, 2022 08:17

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар Вена шоми дӯстӣ  бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар қароргоҳи маҷаллаи дипломатии «Society Magazine» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайати дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Дар чаҳорчӯби ҷамъомад маросими ниҳолшинонӣ аз ҷониби муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Герҳард Зайллер ҳамчун рамзи дӯстии кишварҳо дар боғи қароргоҳи маҷаллаи «Society Magazine» сурат гирифт.

Ба меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастархон бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ пешниҳод шуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 6, 2022 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд