Дар Вена тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ баррасӣ шуд

Июль 6, 2022 08:38

ДУШАНБЕ, 06.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Фарҳод Салим бо Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба рушди саноат (UNIDO) Фату Ҳайдара мулоқот намуд.

Ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳо дар қаламрави кишвар ва имкониятҳои тавсеаи робитаҳоро баррасӣ карда, аз сатҳи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва UNIDO изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз Фарҳод Салим бо мудири шуъбаи амалиётҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Мива Като мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистону UNODC дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкорӣ ва ширкати сохторҳои марбутаи СММ дар татбиқи иқдомоти байналималии Тоҷикистон, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 6, 2022 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд