Дурнамои робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд

Июль 6, 2022 09:12

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар Вена мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Ноиби Президенти Ассотсиатсияи палатаҳои тиҷоратии Австрия Рихард Шентс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Австрия, инчунин омодагӣ ба нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла танзими анҷумани соҳибкорон дар ҳошияи ҷаласаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: ВКХ

Июль 6, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд