Душанбе, Тошканд ва Бишкек ба қатори арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои хориҷиён шомил шуданд

Июль 5, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба феҳристи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти мутахассисони хориҷӣ якбора се пойтахти Осиёи Марказӣ — Душанбе, Тошканд ва Бишкек шомил гардиданд. Ин маълумот дар раддабандии «Cost of Living City Ranking» оварда шудааст, хабар медиҳад centralasia.media.

Дар ин феҳрист 227 шаҳр буда, ҳисоб аз гаронтаринҳо то арзонтаринҳо сурат мегирад.

Тошканд дар ҷойи 221-ум, Душанбе ҷойи 225-ум ва Бишкек ҷойи 226-ум қарор доранд.

Гаронтарин макони зист барои хориҷиён — Гонконг ва арзонтарин шаҳр — Анқара эътироф гардидаанд.

Чор шаҳри Швейтсария, аз ҷумла Сюрих, Женева, Базел ва Берн аз рӯи қимати баланд ба даҳгонаи аввал дохил шуданд. Ба даҳгонаи аввал ҳамчунин Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио ва Пекин шомил гардиданд.

Дар ин радабандӣ шаҳрҳои Истанбул, Қарочӣ, Исломобод, Алмаато низ (219) ба даҳгонаи шаҳрҳои арзонтарин ворид шудаанд.

Чунин раддабандии гаронарзиштарин ва арзонтарин шаҳрҳои барои кӯч бастан ҳамасола тартиб дода мешавад. Ягона истисно соли 2021, бо сабаби пандемияи «COVID-19» буд, ки он вақт тасмим гирифта шуд, тадқиқот гузаронида нашавад.

Шаҳрҳо бо арзиши беш аз 200 номгӯи молу хизматрасонӣ, аз ҷумла арзиши иҷораи манзил, нақлиёти ҷамъиятӣ, хӯрокворӣ, либоса ва фароғат баҳогузорӣ ва арзёбӣ гардидаанд.

ДАР АКС: Шоми Душанбе. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид