Хадамоти иҷро ба Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода кумак намуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирўз дар арафаи иди Қурбон аз ҷониби сардори Ҳадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода маводҳои эҳтиёҷотӣ, аз қабили уребча, хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ ва сони сафед расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон ва пиронсолон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






