Корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз маркази сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ «Де-Памирӣ», ки дар он ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, тоқиву ҷӯроб ва дигар намуди либоси аз пашми маҳаллӣ бо тарҳи муосир ва дастӣ бофташуда гузошта шудаанд, дидан намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.
Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ кор дар ин самт пурзӯртар гардида, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ рушд ёфт ва хориҷиён, сайёҳони беруниву меҳмонони аз дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ дар Бадахшон қарордошта бештар ба ҳунару ҳунармандӣ таваҷҷуҳ мекунанд.
Ҳамзамон тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд, дирӯз намояндагони корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба ноҳияи Шуғнон сафар намуда, бо фаъолони ин ноҳия мулоқоти судманд анҷом доданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода оид ба рушд ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, дастрвардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ибрози андеша намуданд.


«Дар баробари дигар шаҳру навоҳии қаламрави вилоят корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба ноҳияи Ишкошим сафар намуд», — иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим.
Дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови деҳаи Андароб аҳли деҳа меҳмононро самимона истиқбол намуданд. Онҳо аз корхонаи хурди дӯзандагии Гулбону Кабирова ва коргоҳи коркарди мӯинаи кашмирии Ҷаҳоннамо Абдураҳимова боздид карданд. Ҳамзамон бо бонувони деҳаи мазкур суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки корвони «Модарони ваҳдатсаро», иборат аз 40 нафар занону духтарони фаъол аз шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, Рашту Ҳисор ва Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.
Иштирокчиёни корвон ба 7 гурӯҳ тақсим шуда, аз ҷойҳои ҷолиби шаҳру навоҳии вилоят дидан карда, бо сокинони деҳот, наврасону ҷавонон ва сарбозони қисмҳои низомӣ суҳбату мулоқот менамоянд.
Гурӯҳҳои занони фаъол дар ин мулоқот дар бораи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Ватану хизмати содиқона кардан ба миллату давлат суҳбат мекунанд.
Баргузории ин гуна ҳамоишҳо ба пойдории сулҳу субот дар кишвар мусоидат менамояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз мақомоти шаҳру ноҳияҳои ВМКБ








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






