Маҳмадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов мулоқот намуд

Июль 27, 2022 13:12

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Русия дар меҳвари мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Маҳмадтоир Зокирзода ин мулоқотро дар самти густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд ва доир ба  муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад.

Раиси Маҷлиси намояндагон тазаккур дод, ки миёни парлумонҳои ду давлат гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, фаъол мебошанд. Шурӯъ аз солҳои 2000 робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия махсус фаъол гардиданд. Ҳамзамон мулоқоти дуҷониба тақрибан ҳар сол ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмию кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ,  Ассамблеяи байнипарлумонии СААД баргузор мешаванд.

Игор Лякин-Фролов иброз намуд, ки «новобаста аз он ки  ваколати дипломатиям дар  Тоҷикистон анҷом меёбад, мо ҳамеша хостори муносибати неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбанд».

Акс: МН МО ҶТ

Июль 27, 2022 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид