Менеҷери ширкати «Зигана – тур»: роҳхатҳои сайёҳӣ ба Туркия 50% гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳхатҳои сайёҳӣ ба Туркия дар қиёс бо соли гузашта ба ҳисоби миёна 50% гарон шудаанд, гуфт менеҷери ширкати сайёҳии «Зигана тур» Саъдӣ Саидов ба хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Бино ба суханони ӯ, ин ба якбора баланд гардидани нархи парвозҳо бастагӣ дорад: ҳавопаймоҳо бояд масирро баъди пандемия барқарор мекарданд. Инчунин қурби асъор низ таъсири худро расонид: арзиши лираи Туркия якбора дар муқобили доллар поён рафт.
Саъдӣ Саидов илова кард, ки ширкати «Зигана –Тур» 10 сол боз дар бозори сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти содиротӣ дошта, шаҳрвандони мамлакатро асосан ба кишварҳои Аврупо, Шарқи Наздик ва Туркия барои сайру сайёҳат, тиҷорат ва зиёрати маконҳои муқаддаси мусулмонон мебарад. Шаҳрвандони мо асосан барои истироҳат дар мавсими тобистон ба шаҳрҳои Истанбул ва Анталияи Туркия мераванд.
«Назар ба солҳои пешин нархи чипта албатта қиммат шудааст», — мегӯяд Саъдӣ Саидов. Корманди ширкати «Зигана-Тур» баланд гардидани нархи роҳхати сайёҳиро дар таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар рабт дод. Зикр кард, ки нархи миёнаи сафар барои истироҳат ба Туркия дар соли равон тақрибан барои як нафар 800-900 $-ро ташкил медиҳад, ки ба ин маблағ нархи чиптаи ҳавопаймо (рафту бозгашт), иқомат дар меҳмонхона ва хӯрока дохил аст.
Инчунин нархи роҳхатҳо ба сатҳи хизматрасонӣ ва иқомат дар меҳмонхонаҳо (панҷситорадор, чорситорадор ва сеситорадор ва ғайра) низ вобаста аст. Намояндаи ширкати «Зигана –Тур» меафзояд, ки солҳои баъди пандемия сафари сайёҳон-шаҳрвандони кишварамон ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия ва кишварҳои Шарқи Наздик, бахусус Амороти Муттаҳидаи Араб афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон корманди масъули яке аз ширкатҳои муваффақи ватанӣ — «Роҳат-тур» мегӯяд, ки соли равон бештар мо ба Тоҷикистон сайёҳони хориҷиро қабул намудем, ки қариб 90 фоизи онҳоро шаҳрвандони Русия ташкил доданд. Онҳо асосан ба тамошои манзараҳои зебою нотакрори табиати Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон ва манзараҳои ҷолиби «Искандаркӯл», «Ҳафткӯл» ва шаҳри қадимаи Саразм омада буданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






