НАВИДИ МАСАРРАТАНГЕЗ! Се нафар олимони тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Се нафар олимони тоҷик Самариддин Афғонов, Ҷумахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки қарори мазкур дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ зимни овоздиҳии пўшида интихоб гардиданд.
Доктори илмҳои педагогика, профессор Самарддин Афғонов ба сифати профессори Донишгоҳи Калифорнияи Амрико фаъолият дошта, муаллифи беш аз 15 таълифот, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон муаллифи 15 таълифот ва беш аз 50 мақолаи илмӣ ва профессор Абулҳай Комилӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав фаъолият дорад, муаллифи беш аз 64 китоб, дастур ва васоити таълимӣ ва 360 мақолаи илмӣ мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.
Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд. Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Русия Валентин Шукшунов буда, марказаш дар Маскав ҷойгир аст.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






