ҶОМИ КФО-2022. «Хуҷанд» дар финали минтақаи марказӣ бо «Суғдиёна» бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ноиб-чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими «Дордой» чемпиони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0).
Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна», ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард, бозӣ мекунад. Макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.
Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи F. Даври 3
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:0
30 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов.
Акс: ФФТ








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






