Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ирсол намоям.
Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он дар ҳама арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мебошад.
Соли равон Тоҷикистон ва Ҳиндустон 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо тӯли ин давра ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.
Изҳори умед менамоям, ки Шумо ба ҳайси Президенти Ҳиндустон саъю талошҳои худро ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дареғ нахоҳед дошт.
Итминон дорам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баланд хоҳем баровард.
Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ ва дар иҷрои рисолати худ комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии бардавом орзу дорам».








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






