Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот анҷом доданд

Июль 21, 2022 18:25

ДУШАНБЕ, 21.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

Дар мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карда, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо оид ба муҳимияти баргузории Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ташаккули фазои нави ҳамёрӣ мусоидат карда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар такон мебахшанд, андешаи ҳамсон доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ба роҳ мондани муколамаи созандаи дуҷониба бар пояи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои рушди минбаъдаи онҳо муҳим дониста шуд. Дар робита ба ин, Сарони давлатҳо ба ҳалли тамоми масъалаҳо бо назардошти манфиатҳои тарафҳо танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсию дипломатӣ изҳори ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти механизмҳои ҳамёрии дуҷониба, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷоннок карда шавад.

Сарони давлатҳо муҳимияти истифодаи ҳамоҳангшудаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва густариши ҳамкориро дар ин самт таъкид карданд. Мувофиқа ҳосил гардид, ки фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Кирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи захираҳои об муҷаддадан фаъол гардонида шавад.

Президентҳо фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Аралро дар заминаи раёсати Тоҷикистон дар ин сохтор баррасӣ карданд. Дар робита ба ин, онҳо ба идома додани талошҳои пайвастаи ҳамаи давлатҳои муассис ҷиҳати такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқию қарордодии ФБНА бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа бидуни истисно изҳори ҷонибдорӣ карданд.

Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки бар асоси онҳо ду халқ аз замонҳои қадим зиндагӣ ва бунёдкорӣ кардаанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои созандаи ду ҳамсояи наздик мусоидат хоҳанд намуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 21.07.2022

Июль 21, 2022 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон