Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба анҷом доданд, ки дар фазои самимият сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки моҳи июни соли 2022 сурат гирифт ва ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду халқи бародар такони нав бахшид, муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва ҳамгироии амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






