Сокини 10-миллионаи Тоҷикистон ба хонае, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон туҳфа карданд, ворид шуд

Июль 26, 2022 14:03

ДУШАНБЕ, 26.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз оилаи тифле, ки баробари таваллуд шуданаш шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, ба манзили истиқоматии нави худ омад, хабар  доданд дар Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оилаи сокини 10-миллонаи кишвар хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуданд.

Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин оила калиди хонаро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини Раиси пойтахт Дилбар Одилзода тақдим карданд.


Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин кӯдаки хушбахт- сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.

Падари ӯ муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонанишин аст. Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.

Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.


Махфират Шокирова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омад. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди пойтахти мамлакат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.

Волидайни тифл, ки имрӯз ба хонаи нави худ омаданд, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва туҳфаи арзишманд арзи сипосу миннатдории бепоён намуданд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 26, 2022 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд