ТАЪМИНИ МАНОФЕИ ҲАР ШАХС ВА ҶОМЕА АЗ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТӢ ВОБАСТА АСТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар ин мавзӯъ

Июль 13, 2022 13:31

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон Тоҷикистони азизро таҷлил менамоем. Ва то ҳол иддае аз шаҳрвандони мо ба умқи мафҳуми «манфиатҳои миллӣ» нарасидаанд ва гоҳу ногоҳ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ва дигарон савол медиҳанд: «Манфиатҳои миллӣ чи маънӣ доранд ва барои чӣ лозиманд?». Дар посух ба ин суоли онҳо ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ба АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:

— Дафъатан бояд бигӯям, ки беҳтарин посухро ба ин суол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додаанд. Сарвари давлат  доир ба  ҳифзи  манфиатҳои  миллӣ чунин изҳори андеша намудаанд:  «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ  ва мансу­бияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар як кадоми мо манфиати мил­латро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва ба он  эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба қарзи муқаддас ва омили зин­дагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».

Воқеан, муҳтавои асосии ин гуфтаҳо тақозои давру замон буда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ба камол расонидани насли огоҳу  худшиноси  кишварамон  за­рурату аҳамияти махсусан муҳим дорад.

Ба вижа баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ  бисёр кишварҳои тозаистиқлол  ба  масъалаи манфиатҳои миллӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳи намуда, ҳифзи ин манофеъро ҳамчун асоситаҳкими рушду инкишофи  давлатдорӣ эътироф намудаанд. Аммо  то ҳанӯз, бубинед, ин мафҳум  барои баъзе аз одамон баҳснок, абстрактӣ ё нофаҳмо менамояд.

Дар забони тоҷикӣ, мафҳуми «манфиат» асосан ба маънии фоида, суд ва нафъ ба кор бурда мешавад. Аммо дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки набардҳои идеологӣ унсури таркибии муборизаҳои геополитикиро ташкил медиҳанд, маънои асосии ин мафҳум бештар ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва ҳифзи онҳо вобастаю пайваста мебошад.

Ҳамзамон, вожаи «манфиат» маъноҳои дигареро ҳам ифода менамояд: яъне  ба чизе таваҷҷуҳ намудан; диққатҷалбкунанда; муҳим, аҳамиятнок; майлу рағбат, талабот ва ғ.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ҳар он чизеро, ки дар маҷмуъ барои шахс, ҷомеа ва давлату миллат аҳамиятноку муҳим, фоидаовару муфид мебошанд, манфиатҳои миллӣ номидан мумкин аст.

Манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳар қадаре, ки бо ҳам мувофиқ бошанд, ҳамон андоза муносибатҳои мутақобилаи ҷомеа ва давлат беҳтар гардида, рушди бомарому устувори онҳо таъмин мегардад. Чунин ҳолатро дар соҳаи ҷомеашиносӣ «гармонизатсия»-и  манфиатҳои миллӣ меноманд, ки маънояш бо ҳамдигар мувофиқат намудан мебошад.


Ҳанс Моргентау, сиёсатмадори маъруфи амрикоӣ, поягузори мактаби прагматизм ва реализми сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи қарни XX, моҳияти манфиатҳои миллиро инъикоси дарозмуддат ва ҳаётан муҳими умумияти фарҳангӣ арзёбӣ намуда, забон, анъана ва урфу одатҳои оилавӣ, динӣ, ахлоқӣ ва маънавии ҳудуди як системаи сиёсиро ба онҳо мансуб донистааст. Ба андешаи ӯ, манфиатҳои миллӣ талаботи объективии давлати мушаххас дониста шуда, дорои характери геополитикӣ, геоиқтисодӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошанд.  Моргентау иброз медорад, ки манфиатҳои миллӣ бо имиҷи давлат алоқамандии зич дошта, ба воситаи сиёсати хориҷии давлат ташаккул дода мешаванд.

Агар  сухан дар бораи манфиатҳои миллии Тоҷикистон  равад, онҳо ба сарватҳои миллӣ ва арзишҳои миллии мардуми  кишвар асос ёфта,  имкониятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва ташкилии  мамлакатро  таъмин менамоянд. Манфиатҳои давлат ҳифзи сохти конститутсионӣ, истиқлол, тамомияти арзии Тоҷикистон, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, солимгардонии системаи экологӣ ва мутаносибии вазъи демографиро дарбар мегиранд. Манфиатҳои ҷомеа аз ваҳдати миллӣ, демократикунонии минбаъда ва рушди устувори ҷомеаи тоҷикон, солимгардонии маънавию ахлоқӣ, истифодаи қонун ва нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ иборат мебошанд. Манфиатҳои шахс бошад ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ, амнияти шахсӣ, боло бурдани сифат ва сатҳи зиндагӣ, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ нагаронида шудаанд.

Ғайр аз ин, манфиатҳои миллӣ арзишҳои миллиро инъикос мекунанд. Дар навбати худ, арзишҳои миллӣ сарчашмаи ҳама гуна манфиатҳо дониста мешаванд ва ба воситаи мақсадҳои миллӣ ифода меёбанд.

Аз байн рафтани ин ё он арзиши миллӣ ва ё амалӣ нагардидани ин ё он мақсади миллӣ  талафоти калон ба шумор меравад, ки чунин ҳолат ба манфиатҳои миллӣ, маниатҳои ҷомеа ва манфиатҳои шахсони алоҳида  таъсири бевосита мерасонад.

Бояд гуфт, ки манфиатҳои миллии ҳар як мамлакат вобаста ба марҳилаи инкишофи он кишвар бояд муайян карда шаванд. Аз ин  лиҳоз, манфиатҳои миллии кишварҳои пешрафта ҳеҷ гоҳ бо манфиатҳои миллии кишварҳои рӯ ба инкишоф мувофиқат наметавонанд кунанд. Бояд гуфт, ки то замоне, ки кишварҳои  абарқудрат манфиатҳои   миллии худро дар қаламрави дигар  кишварҳои  дур  аз  сарҳадашон ҷустуҷӯ  менамоянд, вазъи  геополитикии ҷаҳон пуртаззод боқӣ мемонад.

Дар навбати худ манфиатҳои миллии кишварҳои рӯ ба инкишоф бо манфиатҳои миллии кишварҳои қафомонда низ номувофиқ мебошанд. Гузашта аз ин, барои баъзе аз давлатҳо агар ташкил намудани ҷанг ва амалиётҳои ҳарбӣ манфиатовар бошад, барои давлатҳои дигар, ки қудрати муҳофизат намудани худро надоранд, он хеле хатарзо мебошад. Барои чунин давлатҳо, баръакс сулҳу оромӣ манфиати миллӣ ба шумор рафта, зербинои асосии рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ дар  замони тағйирпазирии  ҷомеа яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва ҳамзамон душвор низ маҳсуб меёбад. Мавриди  зикр аст аст, ки манфиатҳои миллӣ ҳамеша зери таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ қарор дошта, бе шакку шубҳа онҳо  ҳамчун  унсури марказии системаи амнияти миллӣ ба шумор мераванд. Ҳамзамон дар чунин вазъ низ идеологияи миллӣ манфиатҳои миллати мушаххасро ифода намуда, асоси онро эътимод ва боварӣ ба алоқамандии ҳамаи субъектҳои амният ташкил менамояд. Маҳз  ҳимояи манфиатҳои миллии  Тоҷикистони  азиз, неруи пешбарандаи рушди ҷомеа ва заминаи асосии фаъолнокии одамон ба шумор рафта, кафили пешрафти давлату миллат  маҳсуб меёбанд, ки  шаҳрвандони мо  бояд аз онҳо  огаҳӣ дошта бошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад